Мақомоти пулиси шаҳри Маскав дар пайи ошкор сохтани макони гирдиҳамоии издиҳоми афроди аз хориҷа воридшуда мебошанд, ки дар ин ҷойҳо сар задани бетартибиҳо аз норозигии ҳазорон муҳоҷирон имкон дорад.
Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба «Росбалт» дар ин робита гуфтааст, пас аз занозании оммавӣ дар оромгоҳи Хованское раҳбарият назди онҳо вазифа гузоштааст, ки тамоми рӯйдодҳои марбут ба ҷойҳоеро, ки дар он ҷойҳо шумори зиёди муҳоҷирон аз Осиёи Миёна кору зиндагӣ мекунанд, таҳти назорат гиранд.
Дар ҷараёни иҷрои ин супориш мақомоти пулис ошкор сохтаанд, ки дар як қатор бозор ва марказҳои савдои воқеъ дар МКАД ва Люблино вазъ хеле муташанниҷ ва монанд ба сабабҳои моҷарои оромгоҳи Хованское буда, муҳоҷирон аз он норозӣ будаанд, ки қисмати назарраси музди меҳнаташонро ба касони дигар медиҳанд.
Гуфта мешавад, баъди кушта шудани «нозир» аз «дуздони қонунӣ» Шуҳрат ва собиқ фармондеҳи яке аз воҳидҳои махсуси Тоҷикистон Мустафо, ки қаблан ба ҷамъоварии маблағ машғул буданд, «пулҷамъкунакҳо»-и нав маблағи «ҳақ»-ро хеле боло бардоштаанд ва агар касе ба ин итоат намекунад, мавриди лату кӯб қарор гирифта, аз иншоот берун ва аз ҷойи кор маҳрум мешавад.
«Танҳо бо фарқ аз оромгоҳ, дар ин ҳолат аллакай на сари садҳо, балки ҳазорон нафар муҳоҷирони норозӣ сухан меравад, ки дар ҳама гуна лаҳза барои ба даст гирифтани арматураву чӯбҳо омодаанд», - гуфтааст манбаъи «Росбалт».
Қаблан иттилоъ дода будем , ки мақомоти тафтишот аз эҳтимол дур намедонад, ки роҳбари қабристони Хованское Юрий Чабуев 50%-и даромади муҳоҷирони тоҷики ғайриқонунӣ фаъолиятдоштаро аз худ карданӣ будааст.
Ёдрас мекунем, ки собиқ директори оромгоҳи Хованское ба ташкили занозанӣ дар ин қабристон иқрор шуд. Юрий Чабуев изҳор дошт, ки муҳоҷирони тоҷик дар оромгоҳ бидуни иҷозатнома кор карда, барои ҳалли ин мушкилот ӯ «бачаҳои варзишгар»-ро даъват кардааст ва онҳо мебоист коргарони тоҷикро аз қаламрави қабристон берун мекарданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста