Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ рӯзи 30 май вохӯрии директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо сафири Русия дар Тоҷикистон Лякин-Фролов И.С. баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба идомаи иҷрои «Созишнома байни АНМН ва Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовариРусия оид ба расонидани кӯмак ба Агентӣ дар соҳаи назорати воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Гуфта мешавад, директори Агентӣ сафирро барои дастгирии доимӣ сипосгузорӣ намуда, ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ баҳои баланд дод.
Лякин-Фролов дар ҷавоб ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни сафорати Русия дар Тоҷикистон ва Агентӣ ишора карда, кӯшишҳои Агентиро дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мусбӣ арзёбӣ намуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста