Тайи 22 соли мавҷудияти Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта солгарди навбатии таъсисёбиаш ҷашн гирифта шуд, дар сарҳадоти кишвар барои риоя накардани реҷаи назорати сарҳад беш аз 16 ҳазор нафар марзшиканон дастгир шудаанд.
Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ин давра марзбонони тоҷик дар сарҳад 450 амалиёти махсус гузаронида, 350 маротиба бо марзбонон ба муқовимати мусаллаҳона пардохтаанд ва тайи 22 сол дар марзҳои Тоҷикистон 500 қочоқбар кушта ва 400 нафар қочоқбарон боздошт шудаанд.
Тӯли ин солҳо марзбонони тоҷик 25 тонна маводи мухаддир, 1500 адад силоҳи оташфишон ва 308 ҳазор дона муҳимоти ҷангиро дарёфту мусодира намуда, нисбати марзшиканон 560 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар ин давра зиёда аз 600 нафар хатмкардагони Омӯзишгоҳи олии сарҳадии ҷумҳурӣ, ки соли 2011 таъсис дода шуд, ба сафҳои афсарони марзбони Тоҷикистон пайваста, имрӯз дар ин омӯзишгоҳ беш аз 500 нафар афсарони оянда ва боз 260 нафар афсарони ояндаи Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар таҳсил доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста