Анонс
- Дар Душанбе конфронси минтақавӣ дар мавзӯи «Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии шиканҷа», ки дар он 60 намояндаи ташкилотҳои эътилофи зидди шиканҷаи Қазоқистон, Қирғизистион ва Тоҷикистон, аъзои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва ҳамчунин намояндагони дигар кишварҳои пасошӯравӣ иштирок доранд, ба кори худ идома медиҳад;
- Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба муносибати 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон даври ниҳоии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми истиқлолият» доир мегардад;
- Дар майдонҳои хурди Варзишгоҳи марказии Душанбе мусобиқоти сеюм бахшида ба хотираи Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳимоятгари маъруфи дастаи «Помир»-и Душанбе Геннадий Черевченко баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00;
- Дар маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд»-и вилояти Суғд ба ифтихори Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона барпо мешавад.
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 7.8689 сомонӣ;
1 евро – 8.7801 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.116 3 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон.
2004 – Дар Душанбе оид ба масоили дар Тоҷикистон амалисозии «Лоиҳаи Ҳазорсола» видеоконфронси Душанбе-Ню-Йорк баргузор шуд.
2009 — Президенти Тоҷикистон фармон «Дар бораи таҷлили ҷашни Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ»-ро ба имзо расонид, ки дар Тоҷикистон ҳамасола 30-юми сентябр ҷашн гирифта мешавад.
2011 — Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи Палатаи ҳисоби ҶТ»-ро маъқул шуморид.
2012 — Ширкатҳои фароҳамсози Интернети Тоҷикистон ба пардохти андози аксизӣ дар ҳаҷми 3% шурӯъ намуданд.
1916-1989 – Мавлуди арбоби давлатӣ, сиёсатмадор Турсун Ӯлҷабоев.
1932 – Зодрӯзи доктори улуми фалсафа Абдулло Раҳимов.
1935 — Мавлуди олими бахши кишоварзӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, академик Бобо Сангинов.
1935 – Зодрӯзи актёр ва коргардони театр Тӯрахон Аҳмадхонов.
1935 – Мавлуди олими бахши кишоварзӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, академик Бобо Сангинов.
1937 – Зодрӯзи нависанда Раҷабалии Роғӣ.
1940 – Мавлуди коргардони театр Ислом Саломов.
1957-2007 – Зодрӯзи нависанда Саид Ғоиб.
1964 – Мавлуди эпидемиолог Гулнора Усмонова.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +22+27.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +37+42, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +30+35.
Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +6+11, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона -3+2, рӯзона +9+14.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16 рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +24+29.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +36+38.
Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +37+39.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +26+28.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста