Дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ рӯзи 1 июн дар чорчӯбаи Лоиҳаи минтақавии XAC/K22 «Муқобилат ба интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон тавассути хатсайри шимолӣ тариқи тақвият бахшидани иқтидори нуқтаҳои асосии назоратӣ-гузаргоҳӣ ва созмон додани Офиси ҳамкории сарҳадӣ (ОҲС)» вохӯрии коршиносон-таҳлилгарони идораҳои аъзои лоиҳаи XAC/K22 дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон кори худро оғоз намуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, дар назди иштирокчиёни вохӯрӣ бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Директори Агентӣ Зафар Самад баромад намуд. Дар вохӯрӣ ҳамоҳангсози байналмилалии Лоиҳаи XAC/K22, ёварони менеҷерҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок менамоянд.
Тибқи барномаи Вохӯрӣ иштирокчиён масъалаҳои вобаста ба истифодаи таъминоти барномавии IBM i2 баҳри ҷамъоварӣ намудани мавод барои Офиси ҳамкории сарҳадӣ дар Тоҷикистон, шабакаи ягонаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, ташкили ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод. Дар рафти вохӯрӣ мавқеи ҳисоботдҳӣ барои Офиси ҳамкории сарҳадӣ дар Тоҷикистон ҷамъбаст карда шуда, тавсияҳо оид ба беҳтар гардонидани фаъолияти таҳлилии Офиси ҳамкории сарҳадӣ коркард мегарданд. Иштирокчиёни вохӯрӣ бо базаи таҷрибавӣ барои Офиси ҳамкории сарҳадии шуъбаи таҳлилӣ-итттилоотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ шинос мешаванд.
Ба ҳайати Офисҳои ҳамкории сарҳадӣ як нафарӣ намояндагони Агентӣ, ВКД, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ дохил мешаванд, ки вазифаҳои асосии онҳо – ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои вобаста бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бо роҳи мубодилаи иттилоот ва гузаронидани амалиётҳои муштарак, аз ҷумла хислати байналмилалӣ дошта мебошад.
Рӯзи 2 июн иштирокчиёни Вохӯрӣ аз Офиси ҳамкории сарҳадӣ дар нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон дидан хоҳанд намуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста