Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4 июн дар маросими ифтитоҳи қисми низомии навтаъсиси таъиноти махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ба ҳайати шахсии он Сипоснома ва Байрақи ҷангӣ тақдим намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни ворид гардидан ба қисми низомӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмонро сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиа генерал-майор Эмомалӣ Собирзода тибқи қоидаҳои низомиён истиқбол гирифт.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳайати шахсӣ арзи салом намуда, сипас маросими супоридани Байрақи ҷангӣ шурӯъ гардид. Баъд аз тақдими Байрақи ҷангӣ, ҳайати шахсии қисми низомӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомали Раҳмон савганд ёд карданд. Баъд аз садои Суруди миллӣ командири қисми низомӣ чун оини низомиён таҳти навои Оркестри ҳарбӣ-нафасӣ ва бо қадамҳои мутантан Байрақи ҷангиро аз назди ҳайати шахсӣ гузаронида, онро дар сафи пеш қарор дод.
Зимни баргузории чорабинии мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати шахсии баталиони таиноти махсус суханронӣ намуд.
Баъд аз суханрониҳо бо амри сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиа расми гузашти низомии афсарону сарбозон доир гардид.
Тавре иттиллоъ дода шуд сохтмони қисми низомии таъиноташ махсус бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомали Раҳмон, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи дуюми соли 2014 оғоз гардида, он дар муддати кўтоҳ яъне давоми камтар аз ду сол мавриди баҳрабардори қарор дода шуд. Ҳаҷми умумии корҳои сохтмонии иҷрогардида, барои бунёду азнавсозии ин қисми низомӣ дар марҳиллаи аввал 16 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки он дорои тамоми шароитҳои хизмативу маишӣ ва ҳам таълимӣ буда, заминаҳои моддиву техникии қисми низомии мазкур ба меъёри ҳарбӣ ҷавобгў аст.
Дар дохили қисми ҳарбӣ бинову иншооти гуногуни ёрирасон аз қабили Ситод, хобгоҳи кушоду барҳаво, ҳамомхонаи сарбозӣ, синфхонаҳои таълимӣ, хонаи дидорбинии волидон, ошхонаи замонавӣ, ки дар як баст метавонад беш аз 200 нафарро фаро гирад сохта шудааст. Илова бар ин толори маҷлисӣ бо 400 ҷойи нишаст, ҳамомхона, анбори озуқаворӣ, хонаҳои хизмати маишиву фароғатӣ, нишастгоҳҳо, майдончаҳои сафороиву қадамзанӣ, техникӣ, тактикиву оташфишонӣ, толору шаҳракҳои муҷаҳҳази варзишӣ, қаровулхона, парки автомобиливу техникаҳои зиреҳпўши ҷангӣ ва дигар иншооти аҳамияти ҳарбидошта иборат аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста