Котиби Шӯрои амияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки рӯзи 8 июн дар пойтахти Арманистон доир мегардад, ба шаҳри Ереван сафар кард.
Бино ба иттилои як манбаъи «Азия-Плюс» дар ҳукумати ҷумҳурӣ, ба ҷуз иштирок дар кори ҷаласа, А.Қаҳҳоров дар шаҳри Ереван як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба низ анҷом медиҳад.
Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти СААД, ҷаласа дар Ереван тахти раёсати ҷониби Арманистон баргузор шуда, дар он оид ба тадбирҳои иловагии рушди низоми амнияти дастаҷамъии кишварҳои узви Созмон дар бахши мубориза бо терроризм Дабири кулли СААД Николай Бордюжа маърӯза мекунад.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа ҳамчунин баррасии масъалаҳои марбут ба қарор дар бораи номгӯи созмонҳои террористӣ ва ифротгаро эътирофшуда дар кишварҳои Созмон, мувофиқаи Стратегияи амнияти дастаҷамъӣ дар давраи то соли 2025, фаъолияти Машварати ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти зидди мухаддироти кишварҳо, Нақшаи машваратҳои намояндагони кишварҳои узви СААД оид ба масоили сиёсат, амният ва мудофиаи дар нимсолаи дуюми соли 2016 дар назар аст.




Эрон бо чӣ роҳ мехоҳад дар ҷанг пирӯз шавад? Роҳбурди ҷангии Ҷумҳурии Исломӣ дар баробари ҳамлаи Амрико ва Исроил
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт
Аз 1-уми апрел дар Русия Telegram масдуд мешавад. Муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд бо пайвандонашон дар тамос бошанд?
Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст
Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026
Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста