Дар шаҳри Маскав рӯзи 9 июн вохӯрии котибони Шӯрои амнияти Русия ва Тоҷикистон Николай Патрушев ва Абдураҳим Қаҳҳоров доир гардида, дар ҷараёни мулоқот вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, таҳдиду хатарҳои аз қаламрави Афғонистон бармеомада ва ҳамчунин масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ ва низомӣ-техникӣ баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Шӯрои амнияти Русия, зимни мулоқот мушкилоти марбут ба иштироки шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дар низоъҳои мусалалҳона дар сафҳои созмонҳои байнулмилалии террористӣ низ баррасӣ шуда, ба масъалаи ҳамкории дуҷониба дар бахши муҳоҷирати корӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст.
Гуфта мешавад, ҳамин рӯз ҳамчунин бо иштироки намояндагони Вазорати мудофиаи ФР, ВКД ФР, Хадамоти федералии амнияти Русия ва намояндагони КДАМ ҶТ, ВКД ҶТ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон машваратҳои коршиносони Шӯроҳои амнияти ҳарду кишвар оид ба масоили таъмини амнияти минтақавӣ ва байнулмилалӣ баргузор шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста