Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Фонди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандии интернет дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд имрӯз барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаю идораҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои амнияти киберфазо ва нақши CERT-и бисёрҷониба дар ҳалли онҳо семинар оғоз гардид, ки муддати ду рӯз идома меёбад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, семинарро сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Абдуллозода Зумрад бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, зикр кард, ки дар замони муосир масъалаи амнияти киберфазо яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, баланд бардоштани донишу малакаи кормандони самти мазкур ҷиҳати вокуниш ва ё омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулоддаи компютерӣ ва кибертаҳдидҳо бениҳоят зарур аст.
Гуфта мешавад, ҳамчунин директори Фонди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандии интернет Муҳаммадӣ Ибодуллоев баромад намуда, зикр кард, ки дар рафти семинар мавзӯъҳои «Моҳияти Киберамният дар киберфазо (гузарвожаҳо, вирусҳо), «Амнияти почтаи электронӣ», «Амният дар Шабака ва Индекси киберфазо», «Амнияти шабакаҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ», «Асосҳои CERT», «Кибертаҳдидҳо ва Идоракунии устувор», «Амнияти инфрасохтори муҳими техникӣ ва инфрасохтори муҳими иттилоотӣ» ва «Индекси киберамниятии байналмилалӣ» мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар семинар коршиносони байналмилалӣ Олег Демидов – машваратчии PIR–Центр аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия ва намояндагони Фонди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандии интернет: Артём Горяинов, Асомуддин Атоев, Суҳроб Рустамов ва Парвина Ибодова ба иштирокчиёни семинар дар мавзӯъҳои «Роҳҳои таҳким бахшидани амнияти аккуантии почтаи электронӣ ва интиқоли додаҳои онлайн», «Шабакаҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳалли масъалаҳои амнияти рақамӣ» ва дигар мавзӯъҳои мубрам ба ҳозирин маълумот хоҳанд дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста