Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 19-умин солгарди ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола санаи 27 июн таҷлил мегардад, рӯзҳои 25-28 июн бо сафари корӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) боздид мекунад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, зимни ин сафар сарвари давлати Тоҷикистон дар маросими баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ иштирок карда, ба сохтмони чандин дигар иншоот дар ин вилоят ҳусни оғоз мебахшад.
Бино ба гуфтаи манбаъ, зимни сафар Пешвои миллат аз минтақаҳои аз заминларзаи моҳи декабри соли гузашта осебидаи вилоят боздид намуда, бо ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозӣ аз наздик ошно мегардад. «Дар ҷараёни сафар дидору суҳбатҳои президент бо аҳолӣ ва фаъолони вилоят низ дар назар аст», - иброз дошт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки бо қарори ҳукумат чорабиниҳои марказӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ имсол дар шаҳри Хоруғ доир мегарданд. Моҳи январи соли равон ба мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ин ҷашн дастурҳо дода шуданд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба хабари расида ба «Азия-Плюс» аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, ба хотири таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ зимни сафари президент, ба ВМКБ нерӯҳои иловагии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ сафарбар мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста