Марзбонони тоҷик аз кӯшиши навбатии убури ғайриқонунии марз ва қочоқи маводи мухаддир ба ҷумҳурӣ ҷилавгирӣ намуданд.
Тавре сардори Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод, баъди нимашаби рӯзи 13 июн як гурӯҳи номаълуми иборат аз 4 нафар қочоқбарон дар дидбонгоҳҳои марзии «Ҳамадонӣ» сарҳадро гузаштанӣ шуда, ба марзбонон дучор мешаванд.
«Марзшиканон ба талаботи сарҳадбонон риоя накарда, миёни онҳо задухӯрди мусаллаҳона сурат мегирад, ки дар натиҷа бо истифода аз торикии шаб қочоқбарон дар қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ мебаранд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷойи ҳодиса беш аз 22 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт шуда, айни замон мақомоти тафтишоти Раёсати КДАМ дар вилочти Хатлон ба таҳқиқи ин ҳодиса машғул аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста