Марзбонони тоҷик аз кӯшиши навбатии убури ғайриқонунии марз ва қочоқи маводи мухаддир ба ҷумҳурӣ тариқи дидбонгоҳҳои сарҳадии «Панҷ» ва «Шӯрообод» ҷилавгирӣ намуданд.
Тавре сардори Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод, як гурӯҳи номаълуми иборат аз 8 нафар қочоқбарон зимни убури ғайриқонунии қитъаи сарҳади давлатӣ ба марзбонон дучор мешаванд.
«Марзшиканон ба талаботи сарҳадбонон риоя накарда, миёни онҳо задухӯрди мусаллаҳона сурат мегирад, ки дар натиҷа 2 тан аз қочоқбарон захмӣ ва боқимонда бо истифода аз торикии шаб дар қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ мебаранд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷойи ҳодиса беш аз 14 кило маводи мухаддири ҳашиш, тақрибан 40 кило бангдона, 2 адад автомати АКС-74 бо тирдонҳояшон ва беш аз 50 дона тирҳои ҷангӣ дарёфт шуда, айни замон мақомоти тафтишоти Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон ба таҳқиқи ин ҳодиса машғул аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста