Шаби 12 июни соли равон дар шаҳри Иркутск донишҷӯи соли дуввуми Институти Сибири Шимолии ВКД Россия Саидшоҳ Исломови 20-сола аз Тоҷикистон аз тарафи шахсони номаълум бо зарби корд кушта шуд.
Тавре Сарвар Бахтӣ, котиби матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Россия иттилоъ дод, оид ба ин куштор аз ҷониби мақомоти қудратии шаҳри Иркутск парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
«Шахсони гумонбар дастгир шудаанд ва ҳоло бинобар зарурати тафтишотӣ, номҳои онҳо аз тарафи мақомоти тафтишотӣ ифшо нашудааст», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки сафорати Тоҷикистон дар Россия дар ҳамбастагӣ бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Россия ва намояндагони диаспораи тоҷик барои фиристодани ҷасади шаҳрванди фавтидаи тоҷик иқдоми лозимаро анҷом дода, ҷасад ба ватан фиристода хоҳад шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста