Ба беш аз 200 нафар хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ рутбаи лейтенант дода шуда, дар бораи хатми мактаби олӣ дипломҳо супурда шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадализода иттилоъ дод, дар маросими тантанавӣ ба муносибати хатми афсарони донишкада раҳбарияти Вазорати мудофиа, собиқадорони артиш ва пайвандону наздикони афсарони ҷавон ширкат варзиданд. «Афсарони ҷавон барои идомаи хизмати минбаъда ба гарнизонҳои саросари кишвар роҳхат гирифтанд», - гуфт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки чорабинии тантанавӣ бо маросими хайрбоди афсарони ҷавон бо Парчами ҷангии донишкада анҷом пазируфт.
Қобили зикр аст, ки Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон соли 1993 таъсис дода шуда, аз рӯи 15 ихтисос афсар омода мекунад. Беш аз 70%-и ҳайати афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро дастпарварони ин донишкада ташкил медиҳанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста