Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро рӯзи 21 июн ба ВМКБ сафари корӣ доир намуда, аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар вилояти мазкур дидан кард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз рафти хизматбарӣ, шароити корӣ ва фаъолияти кормандони милитсия шиносоӣ пайдо намуда, дар саҳни бинои Раёсат бо ҳайати шахсӣ вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар рафти вохӯрӣ, Вазири корҳои дохилӣ ба ҳайати шахсии РВКД ва Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар ВМКБ баҳри пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Зикр гардид, ки тинҷию амонӣ ва пешрафти ҷомеа аз фаъолияти пурмаҳсули кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вобастагӣ дорад. Дар ин замина, ҳар як корманди милитсия бо матонату иродаи қавӣ, далерию шуҷоатмандӣ ва масъулияти том бояд ба Ватану миллати худ содиқона хизмат намояд.
Ҷавобан ба ин, ҳайати шахсии РВКД ва Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар ВМКБ иброз доштанд, ки бар зидди ҷинояткорӣ, қонуншиканию ҳуқуқвайронкунӣ ва кирдорҳои ғайриқонунӣ муборизаи беамон бурда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳамеша омодаанд.
Ёдрас мекунем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 19-умин солгарди ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола санаи 27 июн таҷлил мегардад, рӯзҳои 25-28 июн бо сафари корӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) боздид мекунад.
Бино ба хабарҳои расида ба «Азия-Плюс» аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, ба хотири таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ зимни сафари президент, ба ВМКБ нерӯҳои иловагии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ сафарбар шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста