Кормандони милитсия се сокини ноболиғи шаҳри Душанберо аз рӯи далели авбошӣ бо истифода аз корд боздошт намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шоми рӯзи 20 июн дар маҳаллаи Калинини шаҳр шахсони номаълум аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бе ягон асос сокини 18-солаи пойтахтро лату кӯб карда, сипас бо корд дар рони пойи чапаш мезананд ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки дар натиҷа ҷавон бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мешавад.
«Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия се нафар ноболиғони 16-17-сола, сокинони шаҳри Душанберо бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур дастгир намуданд», - омадааст дар хабари вазорат.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон нисбати ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста