Дар майдони сохтмони Кудровои шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо иштироки муҳоҷирон занозании оммавӣ ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар он беш аз 100 нафар иштирок доштаанд.
Бино ба иттилои портали иттилоотии вилояти Ленинград 47news.ru , занозанӣ дар натиҷаи муноқишаи лафзии як зодаи Доғистон ва муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Миёна рух дода, ӯ бо автомашинааш аз назди майдони сохтмон мегузаштааст.

«Бо сабаби номаълум ӯ бо чанде аз муҳоҷирон ба муноқиша пардохта, дар натиҷа мавриди лату кӯб қарор мегирад ва сипас он ҷоро тарк карда, дубора барои дастгирӣ бо чанд тани дигар бармегардад», - омадааст дар хабар.
Ба қавли шоҳидони ҳодиса дар муноқиша аз чӯбу санг ва арматура, ҳамчунин силоҳи ҷароҳатдеҳ (травматический) истифода шуда, дар занозанӣ натанҳо одамон, балки се автомашинаҳои тамғаҳои «Сузуки», «Жигули» ва «Тойота» низ осеб дидаанд, ки ба эҳтимоли зиёд зодагони Доғистон тариқи онҳо ба мавзеи сохтмон омада будаанду ҳамаи онҳо чаппагардон шудаанд.
Гуфта мешавад, занозанӣ дер давом накарда, замони ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани кормандони пулис ва ОМОН, иштирокчиёни он қариб ки комилан пароканда шудаанд. Ба шуъбаи пулис хамагӣ 20 нафарро оварда, имрӯз мақомоти пулис шоҳидони ҳолро бозпурсӣ мекунанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста