Нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдирим изҳор доштааст, ки се террористи маргталаб худро дар терминали байнулмилалии фурудгоҳи шаҳри Истанбул тарконида, бар асари он 36 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Биналӣ Йилдирим бар ин назар аст, ки содир шудани амали террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурк дар шаҳри Истанбул кори дастаи «Давлати исломӣ» аст. Ӯ аз 36 нафар қурбонии ин амали террористӣ ва 147 нафар захмишудагон иттилоъ додааст. Ба қавли нахуствазири Туркия, террористон аввал аз силоҳ оташ кушода, сипас худро тарконидаанд.
Ғайр аз ин, CNN бо истинод ба мансабдорони амрикоӣ дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ҳамла ба фурудгоҳ дорои аломатҳои махсусе мебошад, ки аз он Давлати исломӣ истифода мекунад.
Қобили зикр аст, ки шоми рӯзи сешанбе дар қисматҳои пешвози хатсайрҳои байнулмилалӣ ва дохилии фурудгоҳи ба номи Отатурк дар шаҳри Истанбул ду таркиш ба вуқӯъ пайваст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста