Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода изҳор доштааст, ки хабари амали террористӣ дар фурудгоҳи Истанбулро бо андӯҳи бузург қабул кардааст. «Ин хабари ғамангез аст ва ман ҳама гуна ҳамлаҳои террористиро маҳкум мекунам», - иброз доштааст ӯ.
Ба гуфтаи номбурда, ба хотири таъмини амният рӯзи ҷашни Иди Рамазон - 6 июл дар тамоми масҷидҳои кишвар навбатдорӣ роҳандозӣ мегардад.
«Имрӯз дар ҷаласаи шӯрои уламо тасмим гирифтем, ки дар рӯзи ҷашни Иди Рамазон дар тамоми масҷидҳо навбатдории шабонарӯзӣ ҷорӣ карда шавад. Шахсони масъул бояд ба риояи тартибот назорат карда, дар сурати шакку шубҳа пайдо намудани ба шахсон ва ё амалҳои онҳо, ба мақомоти салоҳиятдор хабар диҳанд», - гуфтааст муфтӣ.
Ҳамчунин ӯ зикр кардааст, ки мутахассисон низ тариқи камераҳои мушоҳидаи видеойӣ тамоми қаламрави масҷидҳо ва гирду атрофи онро таҳти назорат қарор медиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста