Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ изҳор намуд, ки миёни осебдидагон дар амалҳои террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбули Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

Дар департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон дар ин робита қайд карданд, ки тибқи маълумоти саҳеҳи ахир, дар байни 47 нафар қурбониёну 147 захмишудагон дар таркишҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудаанд.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи сешанбе дар қисматҳои пешвози хатсайрҳои байнулмилалӣ ва дохилии фурудгоҳи ба номи Отатурк дар шаҳри Истанбул таркишҳо ба вуқӯъ пайваста , ба талафоти зиёди ҷонӣ боис шуданд.
Бино ба маълумоти ВАО, то субҳи имрӯз шумори кушташудагон аллакай 50 нафар ва захмишудагон ҳудуди 150 нафар арзёбӣ мешавад.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар саҳфаҳои худ зикр мекунанд, ки таркишҳо ба муносибати солгарди таъсиси созмони террористии Давлати исломӣ ба вуқӯъ пайвастаанд. Ду сол қабл, санаи 29 июни соли 2014 Давлати исломӣ таъсиси ба истилоҳ «халифат»-ро бо қонунҳо ва мақомоти мустақили ҳокимият эълон дошта буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста