Амали террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул кори дасти зодагони Тоҷикистон аст. Дар ин бора бо чопи аксҳои 3 нафар террорисони маргталаб нашрияи туркии Milliyet хабар медиҳад.
Аммо дар бораи шахсияти террористон ва мансубияти онҳо ба кадом як гурӯҳи тундгаро алҳол маълумот дода нашудааст.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки алҳол тасдиқи расмии ин маълумот вуҷуд надорад. «Мо дар ин самт фаъолият дорем, дипломатҳои мо ҳатман бо раҳбарияти ин нашрия вомехӯранд, то ки муайян созанд, ки онҳо бо кадом далелу ваҷҳҳо фарзияи даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалҳои террористӣ дар Истанбулро пешниҳод кардаанд», - гуфтанд дар вазорат.
Дар ҳамин ҳол, Вести иттилоъ медиҳад , ки шахсияти яке аз маргталабон дар фурудгоҳ ошкор шудааст. Нашрияи дигари туркии «Хабер Тюрк» акси яке аз маргталабон дар фурудгоҳи Истанбулро аз камераҳои мушоҳидаи видеоӣ ба чоп расонидааст. ВАО-и маҳаллӣ аз ӯ Муслим Сарийяр, шаҳрванди Туркия ном мебаранд.

Қобили зикр аст, ки бар асари амали террористии шоми 28 июн дар фурудгоҳи Истанбул 42 нафар ҳалок ва 239 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Тибқи маълуомти пешакӣ, ин амали террористӣ аз ҷониби гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» содир шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста