Кормандони шуъбаи мубориза бо терроризми Раёсати амнияти шаҳри Истанбул имрӯз, 1 июл боз 11 нафарро ба гумони даст доштан дар амали террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул боздошт намуданд.
Хабаргузории ТАСС бо истинод ба шабакаи телевизионии Habertürk дар ин робита менависад, ҳамаи боздоштшудагон шаҳрвандони хориҷӣ будаанд.
Гуфта мешавад, миёни онҳо гӯё шаҳрванди Русия ҳам ҳузур доштааст. Гумонбаршудагони боздоштшуда аъзои гурӯҳи терроистии Давлати исломӣ будаанд, ки фаъолияташ дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон манъ эълон шудааст.
Ҳамин тариқ, аз рӯи далели содир шудани амали террористӣ дар фурудгоҳи шаҳри Истанбул дар маҷмӯъ 24 нафар боздошт шуданд.
Қобили зикр аст, ки бар асари таркишҳои рухдода дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул 44 нафар, аз ҷумла 19 тан аз шаҳрвандони хориҷӣ ҳалок ва ҳудуди 240 нафари дигар осеб диданд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод , ки миёни осебдидагон аз ин ҳамлаи террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста