Нашрияи туркии Milliyet иттилоъ медиҳад , ки дар содир намудани амали террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул шаҳрвандони се кишвар - Қирғизистон, Доғистон (Русия) ва Ӯзбекистон даст доштаанд.
Тибқи маълумоти Yeni Safak, ҳамларо зодаи Чеченистон Аҳмед Чатаев ташкил кардааст, ки соли 2013 ба сафҳои Давлати исломӣ пайвастааст.
Қаблан нашрияи Hurruiet хабар дода буд, ки яке аз террористони маргталаб дар фурудгоҳ зодаи Чеченистон буда, баъзе ВАО аз ӯ Осман Вадинов ном мебаранд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия базудӣ ин маълумотро рад карда, изҳор доштанд, ки Вадинов ҳеҷ замоне дар Чеченистон иқомат надоштааст.
Бино ба маълумоти ахири васоити ахбори умум, ба гумони даст доштан дар амали террористӣ дар фурудгоҳи шахри Истанбул 13 нафар боздошт шудаанд.
Қаблан ҳамин нашрия иттилоъ дода буд , ки амали террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул кори дасти зодагони Тоҷикистон аст.
Баъдан ҳукумати шаҳри Истанбул ва мақомоти амнияти он эҳтимоли даст доштани зодагони Тоҷикистон дар амали террористии рӯзи 28 июн дар фурудгоҳ шаҳри Истанбулро тасдиқ накарданд .
Қобили зикр аст, ки бар асари амали террористии шоми 28 июн дар фурудгоҳи Истанбул 42 нафар ҳалок ва беш аз 200 нафар ҷароҳат бардоштанд. Миёни афроди фавтида ҳамчунин шаҳрвандони кишварҳои хориҷии Арабистони Саудӣ, Ироқ, Урдун, Тунис, Эрон, Ӯзбекистон ва Украина низ ҳузур доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста