Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон даст доштани зодагони собиқ кишварҳои пасошӯравӣ дар амали террористии фурудгоҳи Истамбулро тасдиқ кард. Хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад , ки дар робита ба ин ҳодиса 30 нафар боздошт шудаанд, ки миёни онҳо зодагони Доғистон (Русия), Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳузур доранд.
Hurriyet менависад, зимни суханронӣ назди журналистон пас аз адои намоз ба муносибати Иди Рамазон дар яке аз масҷидҳои шаҳри Истанбул президенти Туркия қайд кардааст, ки аз рӯи далели даст доштан ба амали террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул 30 нафар боздошт шуда, онҳо зодагони Доғистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошанд.
Қаблан ВАО иттилоъ дода буданд, ки дар амали террористии фурудгоҳи Истанбул як ё ду нафар шаҳрвандони Русия ва як зодаи Қирғизистон даст доранд.
Сарвари давлати Туркия ҳамчунин аз ҷониби созмони террористии Давлати исломӣ, ки дар як қатор кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯъ аст, содир шудани амали террористиро тасдиқ карда, иброз доштааст, ки «мутаассифона, ба амали террористӣ ҳамсояҳои мо аз Қафқози Шимолӣ даст доранд.
Қобили зикр аст, ки бар асари таркишҳои рухдода дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул 44 нафар, аз ҷумла 19 тан аз шаҳрвандони хориҷӣ ҳалок ва беш аз 200 нафари дигар осеб диданд.
Ҳамчунин қаблан дар ВАО-и Туркия дар бораи аз ҷониби маргталабон аз Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Доғистон содир шудани ин амали террористӣ маълумот интишор гардида буд. Ғайр аз ин, дар амали террористии мазкур як зодаи Чеченистон Аҳмед Чатаев низ гумонбар дониста мешавад, ки зери итоати террорист Доку Умаров аст.
Чанде қабл вазири умури паноҳандагон ва шахсони маҷбурӣ кӯчонидашудаи Гурҷистон Созар Субари тасдиқ кардааст, ки Чатаев метавонад гумошта (агент)-и собиқ президенти ин кишвар Миахаил Саакашвили бошад ва аз ӯ маблағи пулӣ мегирифтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста