Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон дар фурудгоҳи пойтахт ҳангоми кӯшиши интиқоли ғайриқонунии як миқдор доллари ИМА ба Туркия шҳрванди кишвар А.З.-ро боздошт намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, дар бағочи мусофири хатсайри ҳавоии Душанбе - Истанбул 26 ҳазору 900 доллари ИМА дарёфт шуда, ҳангоми санҷиш муайян гардидааст, ки шаҳрванд А.З. аз маблағҳои дарёфтгардида ба кормандони мақомоти гумрук ба маблағи 9 ҳазор доллари ИМА эъломияи гумрукӣ пешниҳод карда, аммо боқимондаи маблағҳоро, ки 26 ҳазору 910 доллари ИМА ва 78,50 лираи Туркияро ташкил медиҳанд, бидуни эъломияи гумрукӣ пба Туркия бурданӣ будааст.
Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 289, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қочоқ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, он ҷиҳати баррасӣ ба прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол гардидааст. Дар ин моддаи Кодекси ҷиноӣ ҷарима дар ҳаҷми аз 10 то 36 ҳазор сомонӣ ва ҷазои маҳрумият аз озодӣ то 5 сол пешбинӣ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста