Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/3-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд боздид намуд, ки рӯзи 17 июн се тан аз маҳбусон аз он кӯшиши фирор карда буданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳамзамон вазир аз қисми ҳарбии 6593-и Вазорати адлияи Тоҷикистон боздид ба амал оварда, аз рафти хизматбарӣ, шароити зист, хӯрока, сару либоси сарбозон ва ҳолу аҳволи онҳо бохабар гардид.
Аз ҷониби Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба сарбозони қисми ҳарбии мазкур сару либос, пойафзол (берси), маводи хӯрокворӣ, гушт ва як сар чорвои калони шохдор кӯмак расонида шуд.
Вазири корҳои дохилӣ дар ин радиф ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва таъмиру азнавсозӣ ба Муассисаи ислоҳии ЯС 3/3-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маҳсулоти сохтмонӣ, аз қабили семент, чӯбу тахта, шағал ва дигар маводи зарурӣ ёрии амалӣ расонид.
Ҳамчунин ба Муассисаи мазкур таҷҳизоти техникии ҳозиразамон, дурбини мушоҳидавии шабона ва муқаррарӣ барои пеш бурдани хизмат тақдим карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста