Зимни вохӯрии прокурори генералии Қирғизистон Индира Ҷолдубаева ва прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯзи 11 июл дар Бишкек ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкориҳои байнулмилалӣ дар масоили истирдоди ҷинояткорон ва кумакҳои дуҷонибаи ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ ба мувофиқа расиданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Қирғизистон, дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили таҳкими минбаъдаи робитаҳои мақомоти назоратии кишварҳо, ҳамкориҳо дар самти муқовимат ба терроризми байнулмилалӣ ва ифротгароии динӣ, мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ тариқи марзҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин И.Ҷолдубаева ва Ю.Раҳмон ба масоили ҳимоя аз ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон дар қаламравҳои ҳарду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз рӯи натиҷаҳои мулоқот дар доираи амалисозии Созишнома дар бораи кумаки ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ миёни Прокуратураҳои генералии Қирғизистону Тоҷикистон, ки 27 августи соли 2015 дар шаҳри Остона ба имзо расида буд, ҷонибҳо доир ба идома ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба тавофуқ ҳосил карданд.
Гуфта мешавад, ҳайати Тоҷикистон иборат аз муовини прокурори генералӣ - сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон Мирзозода Сафаралӣ Раҳим, прокурори вилояти Хатлон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон ва дигар шахсони расмӣ дар идомаи сафар ба Қирғизистон бо фаъолияти мақомоти прокуратураи ин кишвар аз наздик шинос мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста