Кормандони Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ аз воридоти ғайриқонунии молу матоъ ва сарулибоси гуногун ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Қирғизистон ҷилавгирӣ намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, дар қаламрави деҳаи Қотмаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо Қирғизистон ҳаммарз аст, гумрукчиён зимни азназаргузаронии автомашинаи боркаш миқдори зиёди матоъҳои гуногун ва сарулибос барои мардону кӯдаконро бидуни анҷоми расмиёти гумрукӣ дарёфт намудаанд.
Гуфта мешавад, ин молу матоъҳои дарёфтшуда бо арзиши умумии беш аз 241 ҳазор сомонӣ ба сокини 28-солаи маҳаллӣ тааллуқ доштааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 289, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қочоқ) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, он ҷиҳати баррасӣ ба прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ирсол гардидааст. Дар ин модда ҷазои ҷаримабандӣ дар ҳаҷми аз 10 то 36 ҳазор сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста