Сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки дар низоъҳои мусаллаҳона дар қаламрави Сурия 394 сокини вилоят ҳузур доранд.
Бино ба иттилои ӯ, тибқи маълумоти фаврӣ, 24 сокини вилоят ҳамсарон ва 44 кӯдаки ноболиғро ҳамроҳи худ ба Сурия бурда, 36 сокини вилоят дар даргириҳои Сурия кушта шудаанд.
«Нисбати 321 нафари онҳо мутобиқи моддаи дахлдори Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 10 парванда ҷиҳати баррасӣ ба судҳо ирсол шуд ва боз 192 нафар мавриди ҷустуҷӯ эълон шудаанд», - иброз дошт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки 349 нафар сокинони минтақаи шимоли ҷумҳурӣ барои узвият дар ҳаракату гурӯҳ ва аҳзоби ифротгаро мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта, муддати 6 моҳи соли равон 130 нафар аъзои созмону гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ошкор ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста