Намояндагони Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ҷиҳати ба ватан баргардонидани ду чӯпон, сокинони шаҳри Панҷакент, ки аввали ҳафтаи гузашта дар қитъаи баҳсии Майкатаи марз бо Ӯзбекистон ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи давлатӣ боздошт шуда буданд, бо ҳамтоёни ӯзбеки худ гуфтушунид доранд.
Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ дар ин робита изҳори умедворӣ кардааст, ки рӯзҳои наздик ду чӯпони тоҷик Гулмурод Кенҷаев ва Ҳусейнбой Холмирзоев ба назди хонаводаҳои худ бармегарданд.
Вай гуфтааст, сабаби боздошти онҳо дар он аст, ки чӯпонҳои тоҷик дар вақти чарондани рама хатти марзеро, ки ҳанӯз ташхис ва аломатгузорӣ нашудааст, ноогоҳона убур карда ва ба қаламрави Ӯзбекистон гузаштаанд.
Ҳамчунин зикр гардидааст, ки марзбони ӯзбек ба рамаи гӯсфандони онҳо кордор нашуда, танҳо чӯпонҳоро бо худ бурдаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста