Тоҷикистон оид ба масъалаи боздошт ва ба ҷумҳурӣ истирдод шудани раиси Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо кишварҳои узви Интерпол (Пулиси байнулмилалӣ) гуфтушунид дорад.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки миёни Интерпол ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар мавриди ин масъала музокирот ҷараён дорад.
«Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, Украина, Беларус, Олмон ва Полша боздошт шудаанд, ки аъзои гурӯҳҳои террористӣ мебошанд ва ҳозир масъалаи ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои истирдоди онҳо ҳаллу фасл мешавад», - гуфт вазир, вале доир ба миёни ин боздоштшудагон ҳузур доштан ё надоштани аъзои ҲНИТ саҳеҳан маълумот надод.
Рамазон Раҳимзода қайд кард, ки нимсолаи аввал аз Русия ба Тоҷикистон 71 нафар истирдод шуда, 88 нафар дар боздоштанд ва айни замон масъалаи истирдоди онҳо мавиди баррасӣ қарор дорад. «Ба сурати умум дар ҷумҳурӣ 3 ҳазор нафар мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд», - илова кард вазир.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи Интерпол дар Тоҷикистон Ҷамшед Машрабзода зикр кард, ки дар ин давра 342 нафар шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷиноят содир кардаанд, тариқи Интерпол мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда, 275 нафарашон ба содир намудани ҷиноятҳои террористиву ифротгароӣ муттаҳам дониста мешаванд.
«Тариқи Интерпол дар маҷмӯъ 1 ҳазору 661 нафар ҷинояткорон мавиди ҷустуҷӯ эълон шудаанд, ки 1 ҳазору 400 нафарашон ба ифротгароӣ ва терроризм гумонбар дониста мешаванд», - илова кард номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста