Зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафҳои гурӯҳҳои ифротгаро ва иштироки онҳо дар даргирҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар нигаронӣ изҳор намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки то имрӯз аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба 22 нафар сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар давлатҳои хориҷӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 2 нафар дар ҷангҳо кушта шудаанд.
«Тибқи маълумот ҳоло 2 оила иборат аз 12 нафар бо мақсади иштирок дар ҷанг ба Сурия сафар кардааст», - иброз доштааст ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кардааст, ки «чунин ҷавонони гумроҳшуда дарк намекунанд, ки ҳаракатҳои ба ном исломӣ дини мубини исломро ҳамчун парчам ё ниқоб истифода мекунанд, вале дар асл боиси бадномии ин дини муқаддас ва бадбахтии миллионҳо нафар одамони бегуноҳ шуда истодаанд».
Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, айни замон беш аз 1 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар дар амалиёти ҷангӣ дар хориҷи кишвар ҳузур доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста