Дар минтақаи шимоли кишвар бори нахуст ду нафар фаъолони гурӯҳи «Содиқлар» - бахше аз созмони террористии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» боздошт шуданд.

Бино ба иттилои як манбаи боэътимоди «Азия-Плюс» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд, кормандони Раёсати КДАМ сокини 36-солаи шаҳракаи Ғафуров И.Ш. ва сокини 30-солаи ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров А.А.-ро боздошт намудаанд.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшудагон давоми соли 2014 дар масҷиди «Ҳоҷӣ Назар»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сокини маҳаллӣ Н.Н. шинос шуда, зимни ҳамроҳ таъмир кардани як хона Н.Н. онҳоро ба узвият ба сафҳои гурӯҳи «Содиқлар» барои дар қаламрави Тоҷикистон бунёд кардани давлати исломӣ даъват кардааст.

Баъди чанде ҳарду сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров савганд ёд карда, ба гурӯҳи «Содиқлар» шомил шудаанд. «Онҳо кӯшиш кардаанд, ки боз чандин нафар сокинони ноҳияро ба сафҳои худ ҷалб созанд, вале муваффақ нашудаанд», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ҳаракати исломии Ӯзбекистон созмони исломӣ мебошад, ки соли 1996 аз ҷониби собиқ аъзоёни як қатор ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсии дар Ӯзбекистон мамнӯъбуда, тимсоли «Ҷомеаи адолат», «Ҳизби Эҳёи исломӣ», «Ҳизби исломии Туркистон», «Ҷанговарони Ислом» ва ҳоказо таъсис дода шудааст. Раҳбари ҳаркати мазкур Тоҳир Юлдошев ва сарвари бахши низомӣ Ҷумъа Ҳоҷиев мебошанд.

ҲИӮ аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун созмони террористӣ ҳисобида мешавад. Фаъолияти ҲИӮ аз тарафи ҳукуматдорони Ӯзбекистон назора карда мешавад, ва дар алоқамандӣ ба ин, аксари раҳбарон ва аъзоёни қатории ҳаракати мазкур дар муҳоҷират қарор доранд. Ситоди он то оғоз шудани амалиётҳои зиддитеррористӣ дар Афғонистон, дар шаҳри Қандаҳори ин кишвар воқеъ буд.

Аксари аъзоёни ҲИӮ дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба ҷониби Мухолифини муттаҳидаи тоҷик ширкат варзидаанд. Дар ҷараёни танзимнамоии низои дохилитоҷикӣ фармондеҳони сайёри ҲИӮ аз иҷро кардани шартҳои созишномаеро, ки дар байни ҳукумат ва мухолифини муттаҳидаи тоҷик ба тасвиб расонида шуда буд, дасткашӣ карданд. Моҳи августи соли 1999 сафҳои ҲИӮ (бо шумораи қариб 1000 нафар) ба ноҳияҳои ҷанубии Қиригизистон зада даромаданд. Моҳи октябри ҳамон сол, сафҳои ҳаракати мазкур қаламрави ин ҷумҳуриро тарк карданд. Дар замони амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон аъзоёни ҲИӮ дар муқовимати нерӯҳои муттаҳидаи байналмилалӣ иштирок карданд. Зимни бомбаборонкуниҳо дар моҳи ноябри соли 2001 раҳбари ҳарбии ҳаракати мазкур Ҷумъа Ҳоҷиеви намангонӣ вафот кард.

Қисмҳои низомии ҲИӮ, ки ба тарк кардани хоки Афғонистон маҷбур шуданд, бо раҳбари он Тоҳир Юлдошев дар музофотҳои Покистон, Вазиристони шимолию ҷанубӣ маскан гирифтанд ва дар он ҷо дар ҷангҳои Вазиристон ба ҷониби Толибон бевосита ширкат варзиданд.

Дар акс Тоҳир Юлдошев