Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ним сол кам кардани муҳлати хизмати ҳатмии ҳарбии шаҳрвандон дар Қуввваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро пешниҳод кардааст.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ дар ин робита иттилоъ дод, лоиҳаи тағйироти дахлдор ба қонун «Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» қариб як сол пеш ба вазорату идораҳо фиристода шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар лоиҳаи тағйироту иловаҳо кам кардани муҳлати хизмати ҳарбии ҳатмӣ аз 2 соли ҳозира то ба 1,5 сол пешбинӣ шудааст.
«Агар лоиҳаро вазорату идораҳо ва ҳукумат дастгирӣ кунанду парлумон тағйироти номбаршударо қабул намояд, шаҳрвандони синнусоли даъват ба хизмати ҳарбӣ танҳо 1,5 сол адои хизмати ҳарбӣ мекунанд», - гуфт манбаъ.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар масъалаи манъи сафари шаҳрвандони синнусолашон мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ (даъватшаванлагон) ба хориҷи кишвар, Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон пайравӣ карданӣ нест.
«Дар Тоҷикистон шумори шаҳрвандони синнусоли мувофиқ барои даъват ба хизмати ҳарбӣ кофист, то ки даъватшавандагони аз лиҳози омодагии ҷисмониву зеҳнӣ беҳтарин ба хизмат сафарбар шаваанд», - таъкид доштанд дар Вазорати мудофиа.
Қобили зикр аст, ки маъракаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар ду давра сурат мегирад: даъвати баҳорӣ - 1 апрел то 31 май ва даъвати тирамоҳӣ - аз 1 октябр то 30 ноябр. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.
Мебояд гуфт, ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста