Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо шиносномаи сохта марзи Қирғизистон бо Қазоқистонро гузаштанӣ буд, аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз боздошт шуд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон, рӯзи 11 август яке аз гузаргоҳҳо марзбонон шаҳрванди Тоҷикистонро барои кӯшиши убури ғайриқонунии марз боздошт кардаанд.
Гуфта мешавад, зимни санҷиши шиноснома шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи хориҷиро пешниҳод намудааст, ки ба номи шаҳрванди Қирғизистон дода шудааст ва дар он марзбонон аломатҳои сохтакориро ошкор кардаанд.
«Тоҷикистоние, ки кӯшиши убури марзи давлатии Қирғизистону Қазоқистонро дошт, ба барои дарёфти кор ба Қазоқистон рафтанӣ будааст», - таъкид мешавад дар маълумот.
Зимнан зикр мегардад, ки пас аз анҷоми расмиёти ҳуҷчатҳои дахлдор, боздоштшуда ба ихтиёри кормандони воҳиди минтақавии КДАМ Қирғизистон супурда шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста