Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва дигар шахсони расмии ИМА ва Тоҷикистон дар маросими тақдими воситаҳои техникии истеҳсоли Амрико бо арзиши 12 млн. доллар ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ҳузур доштанд. Таҷҳизоти коммуникатсионӣ бо арзиши 9 миллион доллар ва автомашинаҳои “J8 Jeep Wranglers” бо арзиши 3 млн. доллар аз ҷониби Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тақдим гардиданд. Воситаҳои техникии мазкур аз ҷониби Барномаи мубориза бо маводи мухаддири Фармондеҳии марказии ИМА маблағгузорӣ шуда, аз пайравии мунтазами Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон дарак медиҳад.
Фармондеҳии марказӣ радиостансияҳои “Моторола” бо нармафзори шабакавии “TURBO”, ки метавонад ҳаракати кормандонро аз як ҷой ба ҷойи дигар бо истифодаи GPS пайгирӣ намояд, радиостансияҳои намуди RF-7800W бо технологияи Ethernet ва таъмини алоқа дар масофаҳои беш аз 160 км ва дигар таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва нармафзорро бо 50 адад автомашинаи тамғаи “J8 Jeep Wranglers” тақдим намуд. Воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти коммуникатсионии мазкур барои таҳкими зарфияти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар самти ошкор, мусодира кардан ва пешгирӣ намудани воридшавии маводи мухаддир тавассути сарҳадоти Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Сафир Миллард қайд намуд, ки тақдими таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва воситаҳои нақлиёт аз дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби ИМА дар амри решакан намудани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гувоҳӣ медиҳад. Хонум Сафир ба сарҳадбонон барои кӯшишу талошҳои мунтазамашон дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва изҳори омодагӣ дар ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико арзи сипос намуд.
Аз соли 2006 то инҷониб дар чорчубаи барномаи Фармондеҳии марказӣ оид ба мубориза бо маводи мухаддир барои бунёд намудан ва мукаммал гардонидани қувваҳои худтаъминкунанда, фаъол ва самарабахш дар самти мубориза алайҳи маводи мухаддир дар қаламрави Тоҷикистон маблағи беш аз 151 миллион доллар ҷудо гардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста