Гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 8-9 нафар шаби 21 август тариқи гузаргоҳи марзии «Сайёд»-и дидбонгоҳи сарҳадии Ҳамадонии вилояти Хатлон марзи Афғонистону Тоҷикистонро гузаштанӣ шуданд.
Тавре котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, миёни ин гурӯҳ ва марзбонони тоҷику кормандони КДАМ дар ноҳияи Ҳамадонӣ задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифтаааст.
«Дар натиҷа 2 тан аз марзшиканон - шаҳрвандони Афғонистон Суҳбатулло валади Ҷаҳонгир ва Маҳмадмӯсо валади Муҳаммад ҳалок ва як нафари онҳо захмӣ шуда, боқимонда дар қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурданд», - иброз дошт номбурда.
Ба қавли ӯ, муайян карда шудааст, ки кушташудагон аъзои фаъоли гурӯҳи террористии «Толибон» мебошанд.
Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бо масофаи умумии 1344 километр 19 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, 10 нафар марзшиканон кушта шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста