Иёлоти Муттаҳидаи Амрико омода аст, ки барои маълумот дар бораи макони будубоши полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов, ки ба сафҳои Давлати исломӣ пайваст, 3 млн. доллари ИМА мукофотпулӣ пардохт намояд. Дар ин бора ёвари муовини котиби давлатии ИМА Курт Райс ба журналистгони тоҷик хабар дод.
«Мукофот дар доираи барномаи «Мукофот барои адлия» дода мешавад, ки онро Дафтари амнияти дипломатии Департаменти давлатӣ амалӣ месозад. Шахси огаҳ аз маҳалли будубоши полковник метавонад дар ин хусус ба сафоратхонаи наздиктарини ИМА муроҷиат кунад ё маълумотро ба почтаи электронии сохторҳои дипломатии ИМА ([email protected]) ирсол намояд», - гуфт номбурда.
Ба гуфтаи ӯ, Ҳалимов ҳамчун яке аз пешвоёни калидии Давлати исломӣ дониста шуда, дар ИМА, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигари шарик дар курсҳои омӯзишии пешгирии амалҳои террористӣ таълим гирифтааст. «Ӯ аз тарзу усулҳои мубориза бо терроризм огоҳ аст, аз ин рӯ, метавонад барои мо мушкилӣ эҷод кунад», - қайд кард Райс.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимови 40-сола ба рӯйхати террористони таҳти таҳрими ИМА шомил шуд.
Охири моҳи май суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ду ҷияни Ҳумайро Мирова, ҳамсари дуюми полковники ба Давлати исломӣ фироркарда Гулмурод Ҳалимов, ҳар кадомеро ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Ёдрас мекунем, ки фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимови 40-сола ахири моҳи апрели соли 2014 бедарак шуд. Ӯ дар ҷойи кор пайдо нашуда, макони будубошаш ҳам ба касе маълум набуд. Расо баъди як моҳ полковник аз худ дарак дод. Дар шабака навори видеоии 12-дақиқаинаи муроҷиати Ҳалимов бо забони русӣ интишор шуд. Дар ин навор ӯ ҳикоят кард, ки ба нишони эътироз алайҳи тарзу усулҳои кор дар ВКД ба сафи «Давлати исломӣ» пайвастааст.
Ӯ ҳамчунин доир ба омодагӣ ва омӯзишаш дар давраҳои таълимӣ дар ИМА низ маълумот дода буд. Қобили зикр аст, ки нисбат ба полковник дар Тоҷикистон мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудааст.



