Мақомоти пулиси шаҳри Маскав фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷиноиеро қатъ намуд, ки аъзои он ба интиқоли маводи сахттаъсири героин аз Тоҷикистон ба Русия ва тақсими дар шаҳру вилояти Маскав машғул будаанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав, ин гурӯҳи ҷиноятпеша, ки ҳайаташ асосан аз зодагони Осиёи Миёна иборат будааст, дар ҷараёни амалиёти фавриву пешгирии «Заслон-2016» ошкор шудааст.
Дар иттилоияи интишоршуда аз рӯи натиҷаҳои амалиёт зикр мегардад, ки дар ҷараёни он беш аз 31 кило маводи мухаддир дарёфту мусодира ва 20 макони хариду фурӯш ва истеъмоли он ошкор гардидааст.



