Дар машқгоҳи Лоҳур тамринҳои муштараки тактикии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо воҳидҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон оғоз гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Ҳавзаии марказии низомии Русия, гурӯҳи баталйонии тактикии пойгоҳи низомии 201-уми Русия бо бонги хатар бархезонида шуда, ба маҳалли баргузории тамрин бо тирандозии ҷангӣ раҳпаймоӣ намуд.

Гуфта мешавад, давоми як ҳафта сарбозону афсарон як қатор вазифаҳо дар минтақаи кӯҳистонро дар ҳайати воҳидҳои ҷангӣ иҷро намуда, малакаҳои мудофиа ва ҳамла, ҷустуҷӯву дарёфт ва нобуд сохтани душмани эҳтимолиро такмил медиҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ба размоиш ҳудуди 200 адад техникаи ҳарбӣ ва то 800 нафар хизматчиёни ҳарбии ҳарду кишвар сафарбар мешаванд.