Сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амнияти миллии Прокуратураи генералии Тоҷикистон Абдураҳим Абдулҳасанов дар конфронси «Озодии баён дар интернет ва мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризм» (7-8 сентябр, Сараево) изҳор намудааст, ки бо пайгирӣ аз шабакаи интернет ба мақомоти қудратии Тоҷикистон муяссар шудааст, ки як силсила амалҳои террористӣ дар кишварро пешгирӣ намоянд.

Намояндаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки шабакаи интернетро набояд бидуни назорат гузошт, вале назорат бояд бар асоси қонунгузорӣ амалӣ гардад.

«Мо набояд ба поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз ҷумла озодии баён ва гуфтугӯи шахсӣ роҳ диҳем, вале зарур медонем, ки дар Тоҷикистон пеш аз ҳама риояи ҳуқуқи асосии аз ҷониби СММ эълоншуда, яъне ҳуқуқ ба ҳаёт риоя шавад. Ба гунаи мисол гуфта метавонам, ки дар кишвари начандон бузрги мо, ки 8,5 млн. нафар аҳолӣ дорад, аз оғози сол маҳз ба туфайли назорати гуфтугӯву суҳбатҳо дар интернет аз 8 амали террористӣ пешгирӣ шуд ва агар ин назорати бидуни шубҳа дар доираи қонунгузорӣ суратгирифта намебуд, ин амалҳои террористӣ шояд содир мешуданд», - гуфтааст ӯ.

Номбурда рӯшанӣ андохтааст, ки аз амалҳои террористӣ ба воситаи омӯзиши маводи гуногун дар интернет, пайгирии суҳбату гуфтугӯҳо, аз ҷумла тариқи вайбер ва дигар мессенҷерҳо пешгирӣ шудааст.

«Минбаъд шахсияти гумонбаршудагон, ки дар бораи имкони содир кардани амалҳои террористӣ суҳбат мекарданд, муайян карда шуда, аз онҳо миқдори муайяни маводи таркандаи барои ин амалҳо таъиншуда мусодира шуд», - зир кардааст А.Абдулҳасанов.