Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзҳои 17-18 сентябр аз ноҳияҳои Нуробод, Лахш, Тоҷикобод ва Рашт боздид намуда, бо фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва хизматчиёни Гурӯҳи таъиноти зиддитеррористии «Алфа»-и КДАМ дар ноҳияи Рашт аз наздик шинос шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотт ВКД Тоҷикистон, нахуст вазир дар доираи сафари хизматӣ бо Гурӯҳи таъиноти зиддитеррористии «Алфа»-и КДАМ дар ноҳияи Рашт вохӯрда, дар суханронии худ махсус қайд кард, ки воҳиди мазкур дар бисёре аз амалиётҳои вазнини ҷангӣ, безараргардонии гурӯҳҳои махсусан хавфноку мусаллаҳ ва террористӣ иштирок намуда, аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон додааст.
Сипас вазир зимни вохӯрӣ бо ҳайати шахсии РВКД дар минтақаи Рашт ба кормандони милитсияи минтақа як қатор дастуру супоришҳо дода, таъкид намуд, ки фаъолияти хизматиро дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон зимни гузаронидани чорабиниҳои ҷашнӣ пурзӯр намоянд.
Дар идома дар назди Вазири корҳои дохилӣ дар бинои Раёсати ВКД дар ноҳияи Рашт ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ бо иштироки муовини Вазорати мудофиа ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа ва ноҳияи Рашт баргузор гардида, дар он масъалаҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар доираи ин сафари хизматӣ Рамазон Раҳимзода бо кормандони Раёсати КДАМ дар минтақа ва ноҳияи Рашт вохӯрӣ анҷом дода, ба онҳо ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза ба муқобили терроризм, экстремизм, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир як қатор дастуру супоришҳо дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста