Гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» масъулияти амали террористӣ дар шаҳри Тикрити Ироқро, ки рӯзи 24 сентябр содир шуда, бар асари он 12 нафар ҳалок ва 23 нафар ҷароҳат бардоштанд, ба дӯш гирифт. Бино ба маълумоти ин гурӯҳ, яке аз террористони маргталаб тоҷик будааст.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар изҳороти дар интернет интишоршудаи Давлати исломӣ қайд мешавад, ки 4 нафар ҷангиён - се ироқӣ ва як тоҷик бо номи Абӯмуҳаммад Тоҷикӣ рӯзи шанбе дар даромадгоҳи асосӣ ба шаҳри Тикрит дар шимоли Ироқ ин амалро содир кардаанд, ки дар натиҷа якчанд кормнадони пулис ҳалок шудаанд.
Гуфта мешавад, Абӯмуҳаммад Тоҷикӣ таҷҳизоти таркандаро ба кор оварда, сипас яке аз ҷангиён автомашинаи дорои маводи таркандаро ба посгоҳ равона мекунад ва ду нафари дигари маргталабон назди издиҳоми кормандони пулис, каме дуртар аз пойгоҳи низомӣ дар Тикрит худро тарконидаанд.

Мақомоти пулиси шаҳри Тикрит ҳамлаи ҷангиён ба посгоҳ ва марги кормандони худро тасдиқ намуда, вале дар бораи шахсияти ҷангиён ягон маълумоте надодааст.



