Кормандони Кумитаи давлатии амнияти Осетияи Ҷанубӣ як шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар ташвиқу ҷалби муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ барои пайвастан ба сафҳои Давлати исломӣ боздошт намуданд.
Бино ба иттилои хабаргузории REGNUM, шаҳрванди Тоҷикистон Умарҷон Исмоновро рӯзи 17 сентябр ба иттиҳоми ташкили фаъолияти дорои хусусияти ифротгароӣ боздошт карда, ӯ миёни муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ ҷиҳати пайвастани онҳо ба сафҳои гурӯҳи террористии Давлати исломӣ корҳои ташвиқотӣ мебурдааст.
Гуфта мешавад, Исмонов ният доштааст, ки тариқи транзит ғайриқонунӣ тавассути қаламрави Гурҷистон ва Туркия ба Сурия рафта, дар он ҷо алайҳи ҳукумати қонунии ин кишвар биҷангад. «Исмонов ҷиҳати минбаъд ба ихтиёри Тоҷикистон супурдан ба Русия истирдод шуд», - омадааст дар хабар.
Бино ба маълуомти ВКД Тоҷикистон, тайи якуним соли ахир беш аз 150 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки ба ифротгариву терроризм гумонбар дониста мешаванд, ба Тоҷикистон истирдод шуда, миёни онҳо 133 нафарашон ба Давлати исломӣ алоқамандӣ доранд.



