Соли равон дар парандагони кӯчанда ё муҳоҷири Русия ангезаи вируси зукоми мурғ ошкор карда шуд ва дар ин робита Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Шарқи Наздик, Аврупо ва Африқои Ғарбӣ тавсия додааст, ки ба паҳншавии эҳтимолии ин вирус омодагӣ гиранд. Мутахассисони тоҷик бар ин назаранд, ки хатари он ба кишвари мо ба ҳадди ниҳоӣ паст аст.
Сардори шуъбаи нозироти чорабиниҳои зиддиэпизоотии Хадамоти давлатии назорати байтории Вазорати кишоварзии ҶТ Исмоил Ҳамдамов мегӯяд, дар доираи барномаи пешгирӣ ва мубориза бо зукоми мурғ тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои озмоиш дар ҷумҳурӣ мавҷуд буда, дар таҳқиқоти гузаронидашудаи хуни мурғони хонагиву ваҳшӣ вируси ин беморӣ ошкор нашудааст.
«Ҳамчунин дар тамоми гузаргоҳҳои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон хадамоти санитариву карантинӣ ин масъаларо назорат карда, воридоти маҳсулоти парандапарварӣ аз кишварҳое, ки дар онҳо зукоми мурғ ба қайд гирифта шудааст, манъ аст. Захираҳои дорувориву дастгоҳҳои тиббии мубориза ва поксозии ин вирус низ ба қадри кофӣ мавҷуд аст», - гуфт ӯ.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, сардухтури санитарии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки паҳншавии вируси ин беморӣ дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур аст.
«Аз соли 2005 қариб ҳар мавсим мутахассисон тамоми қаламрави имконпазири пайдошавии ин вирусро таҳқиқ мекунанд, вале ягон ҳолат ошкор нашудааст. Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки бо фарорасии сардӣ аксари парандагон ба ин ҷо мекӯчанд ва ин вазъ нигаронӣ ба бор меорад, вале таҳқиқоти доиргардида гувоҳи он аст, ки хавфу хатар қариб вуҷуд надорад», - иброз дошт номбурда.



