Дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо мутахассисони соҳаи мудофиаи граждании хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 дар бораи сохтор ва тартиби фаъолияти Низоми ягонаи давлатии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва ҷамъбасти фаъолияти соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда дар нуҳмоҳаи соли 2016 ва вазифагузорӣ барои ҷамъбасти соли ҷорӣ семинар –машғулият баргузор гардид, ки дар он кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон иштирок карданд.
Ҷаласаро муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Усмонзода Фатҳиддин оғоз намуда, иштирокчиёни семинар машваратро оид ба рафти фаъолият ва бурду бохт дар вазорат шинос кард.
Баъдан дар баромади худ сардори шўъбаи мутобиқати кор бо вазорату идораҳои Кумита полковник Мусамиров М. оид ба сиёсати Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда маълумот дод.
Инчунин, дар семинар кору фаъолияти дар самти мудофиаи граждании вазорату идораҳои Тоҷикистон дар нуҳмоҳаи соли 2016 дида баромада шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаи дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ вазифагузорӣ карда шуд.
Мақсади асосии баргузории чунин семинар-машғулият ин баланд бардоштаи малака ва донишҳои омўхта дар самти мудофиаи гражданӣ байни кормандони вазорату идораҳои дахлдор ва омода намудани онҳо ба ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
Ногуфта намонад, ки ҳар семоҳа бо намояндагони сардорони самти мудофиаи граждании вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Кумита бо вазорату идораҳо семинар –машғулият гузаронида мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста