Муҳлати ҳабси чор нафар зодагони Тоҷикистон, иштирокчиёни гурӯҳе дар шабакаи Интернет бо номи «Роҳнамо ба сӯи Давлати исломӣ» дароз карда шуд.

Хабаргузории URA.RU дар ин робита менависад, суди ноҳияи Верх-Исетскии шаҳри Екатеринбург рӯзи 6 октябр муҳлати боздошти 4 тан аз зодагони Тоҷикистонро, ки ба робита доштан бо ташкилоти террористӣ ва муомилоти ғайриқонунии аслиҳа ва маводи тарканда гумонбар дониста мешаванд, то 8 феврали соли 2017 тамдид кардааст.

Хадамоти федералии амният (ХФМ)-и Русия фаъолияти ташкилотҳои ҷамъияти байнулмилалии интернетии «Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ»-ро бо забони тоҷикӣ моҳи августи соли равон қатъ карда буд.

Дар маълумоти дафтари матбуоти ХФА дар ин робита қайд мешавад, ки ин ҷамъият дар қаламрави вилоятҳои Сведловск, Тюмен ва Челябинск амал мекардааст.

Гуфта мешавад, аъзои ҷамъият ба таблиғи афкори терроистӣ ва ҷалби ҷангиён ба Давлати исломӣ, ҳамчунин ҷамъоварии воситаҳои пулӣ барои маблағгузории ин созмони террористӣ машғул будаанд.

Қайд мешавад, ки ба ҳайати ҷамъияти «Роҳнамо» дар Русия ва кишварҳои хориҷӣ, асосан кишварҳои ИДМ ба сурати умум беш аз 100 ҳазор нафар зодагони Осиёи Марказӣ шомил буда, фаъолтяти он аз ҷониби даҳҳо модераторони терроризм (исломи тундгаро) аз Русия, кишварҳои Шарқи Наздик ва шимоли Африқо (асосан Сурия, Ироқ, Миср) ҳамоҳангу идора мешавад.

Дар ҷараёни амалиёти кофтукови маҳалли иқомати аъзои ҷамъият дар қаламрави вилоятҳои номбаршуда компютер, телефонҳои ҳамроҳи дорои наворҳои видеоии террористон, адабиёти мазмуни ифротгароӣ, кортҳои бонкӣ, ҳамчунин 3 таппонча, 4 норинҷак, ҳудуди 500 грамм пластит, 1 кило маводи тарканда вад игар муҳимоти марбут ба он дарёфт ва мусодира шуданд.