Рӯзи 14 октябр дар Ереван ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) доир мегардад, ки дар кори он иштироки сарони кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар назар аст.
Дар остонаи нишаст дабири кулли СААД Николай Бордюжа дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии «МИР 24» дар робита ба вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳор намуд, ки тадбирҳо дар ин самт алҳол ба таври комил кофӣ нестанд.
«Нахуст дар бораи кумаки ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо ин кишвар гуфтаниам, ки ин кор амалӣ шуд ва имрӯз марзбонони тоҷик аз нигоҳи таъминот бо аслиҳаву таҷҳизот ба муқовимат бо ҳар гуна таҳдидҳо қодиранд», - иброз доштааст ӯ.
Дабири кулли СААД ҳамчунин қайд кардааст, ки ахиран раҳбарияти Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои назарраси муассир рӯйи кор гирифт. «Гуфтаҳои чане қабли президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи танҳо тайи соли ахир дар марз сохта шудани 84 адад дидбонгоҳи сарҳадӣ ва мавриди бунёд қарор доштани боз зиёда аз 100 иншоот дар марз мисол оварда метавонам ва ҳамаи инро Тоҷикистон мустақилона бунёд кард», - зикр кардааст номбурда.



