Дар раддабандии кишварҳои амнтарин миёни 141 кишвар Тоҷикистон мақоми 76-ро муаррифӣ мекунад. Ин рейтинг аз сӯи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) таҳия шудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Қазоқистон дар ин феҳраст мақоми 72 ва Қирғизистон ҷойи 97-ро ишғол кардаанд. Коршиносони WEF дар бораи Узбакистон ва Туркманистон маълумот нашр накардаанд.

Гуфта мешавад, дар садри рейтинг Финландия, Қатар ва Аморати муттаҳидаи Араб нишастаанд. Мақоми охир насиби Яман, Колумбия ва Нигерия шудааст.

Зикр мегардад, ки ҳангоми таҳияи рейтинги кишварҳои амнтарин вазъи ҷинояткорӣ бо шумули терроризм, мизони эътимоди мардум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нерумандии ниҳодҳои қудратӣ дар ҳифзи шаҳрвандон ва ғайра баҳогузорӣ шудааст.