Вазъ дар Тоҷикистон таҳти назорат қарор дорад ва ба сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад.

«Ба хотири таъмини амният ва ҳифзи суботи кишвару оромии шаҳрвандони худ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мудом дар ҳолати омодабошанд», - хабар дод ба «Азия-Плюс» дар ин робита котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.

Дар робита ба огоҳии сафорати ИМА дар Душанбе аз эҳтимоли сар задани амалҳои террористӣ дар Тоҷикистон, номбурда қайд кард, ки ҷониби ИМА дар ин бора ба онҳо ҳеҷ маълумоте пешниҳод накардааст.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл сафорати ИМА дар Душанбе шаҳрвандони ин кишварро аз эҳтимоли сар задани амалҳои террористӣ дар Тоҷикистон ҳушдор дода, ба онҳо дур будан аз ҷойҳои таҷаммӯи мардум ва худдорӣ кардан аз сафар ба манотиқи наздимарзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо Афғонистонро тавсия дод.